Дар Туркменобод маркази тиббӣ бо майдонча барои чархболҳои санитарӣ таъсис ёфт.

Дар Туркменобод маркази тиббӣ бо майдонча барои чархболҳои санитарӣ таъсис ёфт.

Дар Туркменобод маркази тиббӣ бо майдонча барои чархболҳои санитарӣ таъсис ёфт.

Охири июля соли 2018 дар Туркменобод, дуюм шаҳри бузурги Туркманистон маркази бисёрсоҳавӣ-тиббии боҳашамат, ки дар Осиёи Маркази аз ҳама калонтарин маҳсуб меёбад, ба истифода супорида шуд. Марказ барои қабули беморони ҳам ватанӣ, ҳам хориҷӣ, инчунин аз Афғонистон, пешбинӣ шудааст.

Маҷмаи бузурги бошукӯҳ дар масоҳати зиёда аз 47000 метри мурабба қарор гирифта, дар паҳлӯи он хонаҳои калони истиқоматӣ барои кормандони тиббӣ қомат афрохтааст. Дар маркази тиббӣ госпитал ва беморхонаи сироятӣ таъсис ёфта, ҳатто майдонча-фурудгоҳ барои киштиҳои ҳавоии авиатсияи санитарӣ мавҷуд аст.

Маҷмаи асосӣ аз панҷ ошъёна иборат аст. Ғунҷоиши он барои 676 бемор пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо шӯъбаҳои эҳъё, ёрии таъҷилии тиббӣ, бунгоҳи осеб ва дигар шӯъбаҳои зарурӣ фаъолият менамоянд.

Дар ҳолати зарурӣ, майдончаи барҳавои фурудгоҳ истифодаи чархболҳои авиатсияи санитариро имконият медиҳад. Дар маҷмаа истифодаи системаи алоқа дар хобгоҳи беморон, инчунин, таҷҳизотҳои муосири муошират, барои таъҷилан ҳаллу фасли ниёзи бемор равона шудааст, имконият фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тиббии нав – ин муассисаи тиббии муосир ва таҷҳизонидашудаи Туркменобод аст.

Читайте также  Миникольца ДНК помогут выявлять рак
admin

Comments are closed.