Хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ чӣ арзиш доранд

Хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ чӣ арзиш доранд

Ширкатҳо, ки бо интиқоли ҳавопаймоии беморон машғуланд, шумораи беҳисоби ҳаётҳоро наҷот доданро кӯмак расонида, бисёри вақт дар шароитҳои душвортарин фаъолият мебаранд ва, бешубҳа баъзан, махсусан дар минтақаҳои дурдасту душворфатҳ, намуди ягонаи ёрии таъҷилии тиббӣ мебошанд. Фақат дар ҳудуди ИМА аз ҳисоби муддати 60 дақиқа интиқол додани беморон ба ҷои наздиктарини ёрирасонии тиббӣ ҳар сол тахминан 82 млн. ҳаёт наҷот дода мешаванд; дар шароити омори ҷаҳонӣ ин рақам ба дараҷае баландтар аст. Вале нархи ёрии таъҷилии авиатсионӣ, ҳатто дар кишварҳои инкишофёфта, на ҳама вақт ба суғуртаи тиббӣ ворид карда мешавад, ки ин далел аксарият беморонро аз ҷиҳати молиявӣ нозук гардонида, ба онҳо қарзҳои бузургро «тақдим» мекунад.

Аксарият мизоҷон пас аз расонидани ёрӣ ба ҳайрат медароянд: чаро сафари нисбатан кӯтоҳ инқадар гарон шудааст?

Тибқи маълумоти омори ҷаҳонӣ, тахминан сӣ фоизи аҳолии сайёра ба ёрии таъҷилии тиббии ҳавопаймоӣ ҳарзамон эҳтиёҷ доранд, вале мушкилӣ аз он иборат мебошад, ки танҳо қисми ночизи мӯҳтоҷон ба хизматрасонии мазкур ноил гашта метавонад. Дар ноҳияҳои сершумори деҳотӣ ёрии тиббии муосир умуман вуҷуд надошта метавонад, ва шахсоне, ки ба захмии сахт дучор гаштаанд ё ба ёрии махсус эҳтиёҷ доранд танҳо ба авиатсия чун сарчашмаи ягонаи ёрии тиббӣ умед карда метавонанд.

Одатан, вақте, ки мизоҷ ба ёрии таъҷилӣ ё махсуси тиббӣ эҳтиёҷ дорад, вазифаи аввалиндараҷа ин ба таври таъҷилӣ расонидани хизматрасонии фаврии тиббӣ мебошад. Мизоҷон одатан дар бораи тарзи интиқолдиҳӣ хабардор нестанд, бинобарин, вақте, ки соҳиби суғурта набуда, аз интиқолкунандаи хусусӣ ҳисобномаҳоро қабул мекунанд, барилова ба бемориашон асабӣ низ мешаванд.

 

Андозаи тағирёбандаи нархи хизматрасониҳо доир ба интиқоли ҳавопаймоии беморон

Ба ҳар як интиқолкунандаи хусусӣ барои таъмин кардани базаи нақлиёти ҳавопаймоии  тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ ва муддати сол, тахминан се миллион доллар зарур мебошад. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, нархи нақлиёти ҳавопаймоии тиббӣ, новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавии базаи ҳавопаймоӣ аксариятан бетағӣир мемонад.

Читайте также  Детский омбудсмен Анна Кузнецова с рабочим визитом посетила «ГЕНЕРИУМ»

Вале, муайян кардани нархи ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ, бархилофи назари тахминӣ, на он қадар содда мебошад. Чӣ тавре, ки намояндагони ширкатҳои байналмилалии суғуртавӣ қайд менамоянд, нархи миёнаи ёрии таъҷилии тиббӣ зимни интиқолдиҳӣ ба масофати то ба 100 км аз 12 000 то ба 25 000 доллари ИМА барои як рейс ташкил медиҳад. Дар ҳолатҳои аз ҳама мураккаб (вобаста аз дастгоҳҳои тиббӣ ва хизматрасонии техникӣ) ин рақам то ба шаш миллион доллар расида метавонад. Як чанд омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки ба нархи интиқоли ҳавопаймоии беморон таъсир мерасонанд. Ба онҳо, масъалан, вазнинии вазъи саломатӣ, шумораи аъзоёни экипаж дар канор, шумораи ҳайати ҳамроҳикунандаи тиббӣ, имконияти хизматрасонии шабонарӯзӣ, нархи тахлияи тиббӣ аз дигар кишвар ва ҳ. дохил мешаванд.

 

Муоина, ки дар аёлати амрикоии Монтана гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки нархи ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ одатан ба ду қисми асосӣ: пардохти ибтидоӣ ва нархи км (миля)-и парвозӣ тақсим карда мешавад. Омили якӯм дар доира аз $8500 то ба $15 200 ва дуюмаш дар доира аз $26 то ба $133 (барои як км ё як миля) тағӣир шуда метавонанд. Айни замон дар баъзе иёлоти амрикоӣ сиёсати оммавии нархгузорӣ дар соҳаи ёрии таъҷилии тиббӣ мавриди омӯзиш қарор дорад, то ки минбаъд дар дохили дигар кишварҳо эҳтимолан ҷорӣ карда шавад. Хабари хуш аст, ки баъзе намояндагони авиатсияи ҳавоӣ ҷиҳати аз пардохтҳои бузург ҳифз намудани мизоҷони хеш, барномаи аъзогиро пешкаш мекунанд. Ин тадбир, дар сурате, ки шумо дар ноҳияи дурдаст истиқомат мекунед ё ҳарзамон ба осоишгоҳҳои кӯҳӣ-лижаронии Аврупо барои истироҳат сафар мекунед, ки дар он ҷо хатари бардоштани захм хеле баланд аст, созу қулай мебошад, зеро инфросохтори инкишофёфта ҷиҳати бидуни мушкилӣ фурудоӣ ва парвоз кардани ҳавопаймоҳои хусусии тиббӣ ё чархболҳои мусофиркаши махсус имконият медиҳад.

Читайте также  Деловая программа выставки HeliRussia стала насыщеннее

Нархи ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ: оё он ба арзиши ҳаёт мутобиқ аст?

Хизматрасониҳои тиббии ҳавопаймоӣ аксарият дар чунин ҳолатҳои фавқулодда равопазир мебошанд, ки вақт аҳамияти аввалиндараҷаро дорад. Дар чунин ҳолатҳо мизоҷ аз хароҷотҳои ба нақлиёти ҳавопаймоии тиббӣ вобастабуда на даст кашида, на онҳоро маслиҳат карда метавонад. Бинобар ин аксарият ширкатҳои суғуртакунанда кӯшиш мекунанд, ки дар полисҳои худ нархи интиқоли таъҷилии ҳавопаймоии беморон, махсусан агар шахси инфиродӣ интиқоли садамавиро тавассути нақлиёти рӯизаминӣ талаб намекунад, дароварда шавад. Суғуртаҳои бисёр танҳо хизматрасониҳои нақлиёти тиббиро, яъне интиқолдиҳӣ то ба беморхонаи наздиктарин, дарбар гирифта, хароҷотҳои муолиҷаи амбулаториро подош намекунанд. Баъзан нархи хизматрасонии интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ аз доираи полиси суғуртавӣ берун мебарояд ва дар ин сурат масъалаи подоши маблағи барзиёд дарди сари мизоҷ мегардад.

Одатан, суғуртаи тиббӣ он хизматрасониеро, ки ба мизоҷ зимни интиқолдиҳӣ зарур мешавад, масъалан системаҳои таъминкунии ҳаёт ва оксиген, подош менамояд, дар зимни ин арзиши авиатсияи тиббӣ интиқолро то ба клиника, яъне нақлиётро то ба ҳавопаймоӣ ва аз он то ба ҷои муолиҷа дарбар мегирад. Яке аз тадбирҳои беҳтарини ҳимоякунӣ барои шумо ва наздиконатон – ин аз тафсилотҳои кори амбулаторияи ҳавопаймоӣ то ба фаромадани ҳамаи шумо ба ҳолати фавқулодда хабардор шудан аст.

 

Истифодабарии босамараи суғурта

Дохил кардани авиатсияи тиббӣ ба полиси суғуртавӣ дар кишварҳо ва байни суғуртакунандагони гуногун тағӣирёбанда аст. Хароҷотҳо барои ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ баъзан ба полиси саёҳатҳо ё полиси суғуртаи ҳаёту саломатӣ дохил карда мешаванд. Подоши молиявии тиббии ҳавопаймоӣ дар он вақт зарур мешавад, ки зимни сафарҳо касе захми мешавад ё бинобари ҳолати фавқулодда ёрии махсуси тиббӣ лозим мегардад, вале дар минтақаи мазкур хизматрасониҳои дақиқи тибби дастнорас мебошанд. Одатан, нархи ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳое, ки суғуртаи тиббиро пешкаш мекунанд, подош карда мешавад, вале чунин амал танҳо пас аз он, ки духтури муолиҷакунанда зарурияти таъҷилии интиқоли ҳавопаймоии бемор-ро тасдиқ мекунад, имконпазир мешавад.

Читайте также  Евгений Чудновский: SSJ 100 должен стать основной лошадкой на межрегиональных маршрутах

Новобаста аз он, ки дар бораи ҳолатҳои форс-мажорӣ қариб ягон кас пешакӣ фикру андеша намекунад, то ҳол муҳим аст, ки ҳамаи мушкилиҳои эҳтимолие, ки ба вуҷуд омада метавонанд, пешакӣ пешбинӣ карда шаванд. Полиси суғуртавиеро, ки ба эҳтиёҷоти шумо аз ҳама беҳтарин мутобиқат мекунад, оромонаю оқилона интихоб кардан лозим, зеро вуҷуди ҳолати фавқулодда ҷиҳати қабули ботамкини қарорҳо мусоидат намекунад.

Тариқаҳои дастрасбудаи авиатсияи тиббӣ

Ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV), чун аъзои ассотсиатсияи тиҷоратии авиатсионӣ, бо як қатор интиқолкунандагони ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ менамояд, ки ҷиҳати пешниҳод кардани ёрии махсуси тиббии сатҳи беназир имконият медиҳад. Мутахассисони ширкат рейси тиббиро бо экипажи бомалакаи тиббию парвозкунанда, тавассути киштии ҳавопаймоии босифат таҷҳизотонидашуда, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ва бо нархи оптималӣ ташкил мекунанд. Агар ба шумо ё ба касе аз наздиконатон интиқоли ҳавопаймоии беморон, минҷумла бистаришудагон, зарур шавад, ба Cofrance SARL (TM AVIAV) муроҷиат кунед ва аз он дилпур бошед, ки ҳалли масъалаҳои муҳими шумо дар дастҳои боэътимод қарор дорад.

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.