Авиатсияи санитарӣ дар Русия: дурнамои инкишоф

Авиатсияи санитарӣ дар Русия: дурнамои инкишоф

Авиатсияи санитарӣ дар Русия: дурнамои инкишоф

Авиатсияи тиббӣ дар Русия – ин соҳаест, ки босуръат ва мунтазам инкишоф меёбад. Фаъолият дар низоми қаблӣ аллакай кӯҳна шуда, вақти таҳаввул расидааст.

Дурнамо ва усулҳои инкишофи авиатсияи тиббии Русия чи гунаанд? Барои беҳтар намудани вазъи кунунӣ чи бояд кард? Ба андешаҳои мутахассисон муроҷиат менамоем.

Лоиҳаи давлатӣ

Ҳозир дар Федератсияи Россия таҳти мавзӯи «Инкишофи авиатсияи санитарӣ» лоиҳа татбиқ мегардад, ки баҳри ҳалли муаммоҳои мубрами соҳа равона гардидааст. Қаблан, таъмини фаъолияти босуботи низоми мазкур муҳим арзёбӣ мегардад. Барои ин, ҳамкорӣ ва робитаи мутақобилаи истеҳсолкунандагони техникаҳои тиббӣ ва авиатсионӣ, намояндагони ширкатҳои интиқоли ҳавоӣ, инчунин, духтурон ва брокерон зарур аст. Дар ин бобат мунтазам мутахассисоне, ки баҳри амалигардонии барномаи давлатӣ шомил шудаанд, ибрози андеша менамоянд.

Ба ақидаи директори департаменти саноати ҳавопаймосозии Вазорати саноат ва савдои Русия Сергей Емелянов, амалишавии лоиҳаи давлатӣ соли 2019 бояд анҷом ёбад. Мутахассис қайд намуд, ки Ҳукумати Русия барои корҳои лоиҳа 3,3 млрд. рубл ҷудо намудааст, ки то 90 % хароҷотҳои баҳри тадриҷан инкишоф додани низоми авиатсияи санитарии Русияро дарбар мегирад.

Чунончи, дар интиҳои соли 2018 аз ширкати «Вертолеты России» («Чархболҳои Русия») таҳвили 59 чархболҳои МИ-8/17 ва «АНСАТ» ба пойгоҳи авиатсияи санитарӣ пешбинӣ шудааст. Боиси зикр аст, ки интихоби ҳавопаймоҳои истеҳсолкунандагони русӣ – қарори мақсаднок буда, истифодаи онҳо бо назардошти хусусиятҳои минтақавии тамоми кишвар муфид аст. Ҳайати парвозӣ-техникӣ бо идоракунии ҳавопаймоҳои мазкур шинос буда, сарфи вақт барои омӯзонидани онҳо зарурат надорад. Хизматрасониҳои техникии чархболҳои ватанӣ дар тамоми минтақаҳои Русия қулай ва дастрас буда, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани пойгоҳи техникӣ имконпазир аст.

Авиатсияи санитарӣ дар Русия: дурнамои инкишоф

Чи корҳо дар нақша аст

Лоиҳаи давлатии инкишофи авиатсияи санитарии ватанӣ маҷмӯи чорабиниҳо оиди таҷдид ва рушди пойгоҳи киштиҳои ҳавоии тиббӣ, сохтмони майдончаҳои санитариро дарбар мегирад. Ғайр аз он, дар ҷараёни амалишавии лоиҳа мутахассисон заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии онро таҳрезӣ менамоянд, ки марҳилаи муҳими инкишофи авиатсияи санитарӣ дар Россия арзёбӣ мегардад. Самтҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд: таҳрезии механизми омодакунии ҳайати дастёри кормандон, ки дар ҳавопаймоҳои тиббӣ хизмат мекунанд; мушкилиҳои техникиро бартараф менамоянд; хусусиятҳои тактикиро коркард менамоянд.

Читайте также  Доктор Андриевский рассказал о новой методике липофилинга

Дар назар аст, ки лоиҳаи давлатӣ барои бавуҷудоии стандарти ягонаи авиатсияи тиббӣ, ки дар тамоми Русия амалӣ мегардад, оварда мерасонад.

admin

Comments are closed.