Авиатсияи санитарии Қазоқистон ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳад

Авиатсияи санитарии Қазоқистон ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳад

Авиатсияи санитарии Қазоқистон ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳад

Аз январ то июни соли 2018 дар Ҷумҳурии Қазоқистон духтурон тавассути киштиҳои хавоии авиатсияи санитарӣ 150 кӯдакро наҷот бахшиданд.

Вазорати тандурустӣ оиди масъалаи мазкур равшанӣ андохта хабар медиҳад, ки соли сипарӣ хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 450 беморони хурдсол кӯмаки амалӣ расонидааст. Боиси зикр аст, ки вазни баъзе кӯдакон на бештар аз як килограмм ҳам доштааст.

Дар тӯли шаш моҳи соли равон ҳавопаймоҳои авиатсияи санитарӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон 982 маротиба парвоз кардаанд. Духтурон ба 1072 беморон ёрӣ расониданд.

Авиатсияи санитарии Қазоқистон ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳад

Интиқоли ҳавоии кӯдакони навзод бо усули махсус амалӣ мегардад: барои ин дар киштиҳои ҳавоӣ таҷҳизотҳои махсусгардонидашуда васл шудаанд. Аз ҷумла, васли таҷҳизоти муосири таъмини оксиген. Ғайр аз он, дар боксҳо ҳарорати барои кӯдакон мунтазам, таъмин карда мешавад. Дар ҳолате, ки сухан дар бораи кӯдаки чала зоидашуда меравад, қувваи асосии духтурон барои нигаҳдории нафаскашӣ ва тапиши дили ӯ сафарбар мешавад.

Каме омор: дар шаш моҳи соли 2018 киштиҳои ҳавоии авиатсияи санитарӣ 17,3 % кӯдакони навзоди нуқсондорро (аз теъдоди умумии кӯдакони бемор) интиқол додаанд.

Читайте также  FDA присвоило прорывной статус препарату tafamidis
admin

Comments are closed.