Афзалиятҳои авиатсияи санитарӣ

Афзалиятҳои авиатсияи санитарӣ

Афзалиятҳои авиатсияи санитарӣ

Ба назар, афзалиятҳои авиатсияи санитарӣ яқин аст. Ба замми он, мо қарор додем дар ин бобат фасли махсус оиди афзалиятҳои парвоз бо ҳавопаймоҳои тиббиро баён намоем.

Суръат

Афзалияти асосии авиатсияи санитарӣ суръат маҳсуб меёбад. Ба туфайли аз ҳама нақлиёти босуръат – ҳавопаймоҳо, ба кормандони тиббӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса ва расонидани кӯмаки аввалин имконияти бештар аст.
Ғайр аз он, ҳавопаймоҳои авиатсияи тиббӣ имконияти интиқоли таъҷилӣ ба муассисаи тиббии зарурӣ дошта, табобати босифати беморро таъмин менамояд.

Дастрасӣ ба маконҳои дурдаст

Барои наҷоти ҷабрдидагон бо чархболи тиббӣ (ҳавопаймо) то кунҷу канори дурдасти ҷаҳон парвоз кардан мумкин аст, ки бо дигар намуди нақлиёт ба он макон расидан, ғайриимкон мебошад.

 Афзалиятҳои авиатсияи санитарӣ

Таҷҳизотҳо

Киштиҳои ҳавоии авиатсияи санитарӣ бо таҷҳизотҳои махсуси расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ҷараёни парвоз таҷҳизонида шудаанд, ки басо ҳаётан муҳим мебошад. Инак, дар канори ҳавопаймоҳо маъмулан таҷҳизоти терапияи интенсивӣ, вентилятсияи сунъии шушҳо, тахтакатҳои беморкашон, доруворӣ мавҷуд аст. Дар ҳавопаймо ё чархбол ҳатман духтур ҳузур дорад, ки ҷараёни интиқол ва назорати беморро таъмин менамояд.

Авиатсияи санитарӣ вақте, ки ҳар як дақиқа дар наҷоти ҳаёти инсон тақдирсоз аст, ба кӯмак меояд. Маҳз баро ҳамин, дар ҳолате, ки сухан дар бораи саломатии инсон меравад, сарфа кардан, лозим нест, чунки саломати – ин асоси зиндагист.

Читайте также  Кесарево сечение в современных условиях
admin

Comments are closed.