Дар Ҷумҳурии Олтой чархболи МИ-8 барои хизмат дар авиатсияи санитарӣ ворид гардид

Дар Ҷумҳурии Олтой чархболи МИ-8 барои хизмат дар авиатсияи санитарӣ ворид гардид

Дар Ҷумҳурии Олтой чархболи МИ-8 барои хизмат дар авиатсияи санитарӣ ворид гардид

Дар Олтой хабари деринтизор ҷомеаро болида намуд: чархболи нави МИ-8 соли барориш 2016 барои хизмат дар авиатсияи тиббӣ ворид гардид. Ин рӯйдод, маҳз дар доираи амалишавии лоиҳаи давлатии инкишофи авиатсияи санитарӣ дар кишвар рух дод.

Киштии ҳавоӣ бо модули муосири тиббӣ муҷаҳаз буда, барои дар маҷмӯъ расонидани ёрии тиббии зарурӣ ба бемор ҳангоми парвоз омода шудааст. Илова бар ин, модули мазкур барои наҷоти на балки як, ҳатто ду нафар беморро доро аст.

Модули мазкур чиро дарбар мегирад? Таҷҳизоти эҳъё, комплекс барои гузаронидани терапияи интенсивӣ, аз ҷумла, мушоҳидаи вазъи саломатии бемор.

Авиатсияи санитарӣ дар Олтой

Ҷумҳурии Олтой дар баробари минтақаҳои мухталифи Русия, дар барномаи федералии такмили усулҳои ёрии саривақтии тиббӣ ба сокинони маҳаллҳои дастнораси кишвар ба нақша гирифтааст, ширкат меварзад.

Татбиқи лоиҳа соли 2017 оғоз ёфтааст. Дар соли сипарӣ, дар Ҷумҳурӣ киштиҳои ҳавоии авиатсияи тиббӣ 175 маротиба парвоз намуда, 282 ҷабрдида эвакуатсия ё кӯмак расонида шуд, ки дар байни онҳо беморони иллати мағзи сар ва сактаи дил, шахсони захмӣ ва ҳомиладор, қарор доштанд.

Дар Ҷумҳурии Олтой чархболи МИ-8 барои хизмат дар авиатсияи санитарӣ ворид гардид

Аз январ то июни соли 2018 бо дархости шаҳрвандон хадамоти санитарии Олтой 47 маротиба барои расонидани ёрӣ ба 72 нафар сокинони маҳаллӣ парвоз намудаанд, ки дар байни онҳо кӯдакони хурдсол ҳам буданд.

Қобили қайд аст, ки қаблан имкониятҳои авиатсияи тиббии Олтой бисёр маҳдуд буд. Якум, дар канори ҳавопаймоҳо таҷҳизоти махсус вуҷуд надошт – духтурун маҷбур буданд таҷҳизотро бо худ гиранд, ки кори онҳоро мураккаб менамуд. Дуюм, хизматрасониҳо бениҳоят қимат буданд. Имрӯз ҳолат куллан тағйир ёфтааст.

Ҳозир авиатсияи санитарии Олтой ба 190 нуқтаҳои аҳолинишин хизматрасонӣ менамояд, ки қариб чиҳилтои он дар мавзеҳои дастнорас ҷойгир шудаанд.

admin

Comments are closed.