Авиатсияи тиббӣ дар Русия

Авиатсияи тиббӣ дар Русия

Авиатсияи тиббӣ дар Русия

Таърихи авиатсияи тиббӣ дар кишвари мо дар маҷмӯъ ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи авиатсияи ватанӣ маҳсуб меёбад. Ташаккули он аз ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта оғоз мегирад: дар он замони шӯравӣ оиди таъсиси флоти абарқудрати киштиҳои ҳавоӣ, ки барои расонидани кӯмаки тиббӣ равона шудааст, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шуд.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои пешравии авиатсияи санитарии русӣ марҳилаи муҳим арзёбӣ мегардад. Барои ноил шудан ба қуллаҳои баланди инкишофи авиатсияи мазкур давраи пас аз ҷангӣ нақши арзанда дорад. Маҳз дар ин марҳила бо мақсади расонидани кӯмаки тиббӣ ба ивази ҳавопаймоҳо, чархболҳо истифода бурда мешуанд, ки дар парвоз ба маконҳои дастнорас имкониятҳои бештар доштанд. Дар ҳақиқат, барои чархболҳо хати парвозию фурудоӣ зарурат надорад ва ташкили фурудгоҳҳои чархболҳоро дар назди беморхонаҳо осон ва қулай аст. Дар баробари он, ягон кас аз истифодаи ҳавопаймоҳо даст накашида, онҳоро зери таҷдид қарор дода, иқтидори боркашонии онҳо зиёд карда шуд, қисми дохилӣ тағйир ёфта шакли пӯшидаро гирифт.

Авиатсияи тиббӣ дар Русия

Ба омор назар меафканем: сол 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ 164 беморхона фаъолият дошт, ки дар назди онҳо бригадаҳои санитарӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳо Л-410, АН-2, ТУ-104, АН-28 кор мекарданд. Дар баробари он, байни табибон чархболи машҳури МИ-2 машҳур маъруфият пайдо кард.

Аз нимаи дуюми асри ХХ авиатсияи санитарӣ дар тобеяти Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, аз соли 1994 ба ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия гузаронида шуд.

Дар марҳилаи муосир бо мақсадҳои тиббӣ чархболҳои Eurocopter ва Ка-226 истифода бурда мешаванд.

Авиатсияи тиббии Русия дар замони ҳозира бо якчанд душворӣ дучор мешавад. Якум, истифодаи киштиҳои ҳавоӣ арзиши баланд доранд. Дуюм, дар гирифтани иҷозатномаи парвозҳо маҷмӯи муаммоҳо бавуҷуд меоянд. Сеюм, инфрасохтор ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Ба ғайр аз он, ташкили парвозҳои шабонаи ҳавопаймоҳои авиатсияи санитарӣ мушкил аст: чунончи, дар пойтахт парвози шабонаи чархболҳои санитарӣ ғайриимкон аст. Умедворем, дар марҳилаҳои наздиктарин муаммоҳои вуҷуддошта ҳалли худро меёбанд.

admin

Comments are closed.