Авиатсияи тиббӣ: 5 ҷанбаҳои асосии хизматрасонии неонаталӣ

Авиатсияи тиббӣ: 5 ҷанбаҳои асосии хизматрасонии неонаталӣ

Авиатсияи тиббӣ: 5 ҷанбаҳои асосии хизматрасонии неонаталӣ

 

Нақлиёти ҳавоӣ барои навзодон ҳайати махсус ва ҳавопаймои хуб таҷҳизотонидашударо талаб менамояд – зеро танҳо чунин ҳамбастагии ҷанбаҳои мазкур ёрии маҷмӯъии тиббиро таъмин карда метавонад. Аз сабаби он, ки навзодон – мизоҷони аз ҳама хурд ҳастанд, шӯъбаи неонаталии ёрии таъҷилӣ ба стандартҳои аз ҳама баландтарин бояд мутобиқ бошад ва чун хислатҳои асосии табибони садамавӣ, ба ғайр аз малакаи касбӣ, бояд фидокорӣ ва раҳмдилӣ бошанд, зеро хислатҳои мазкур зимни интиқол додани чунин бори арзишноктарин хеле муҳим мебошанд. Аз лаҳзаи ба канор бор кардан ва то ба супоридани мизоҷи хурд ба дасти ҳайати беморхонаи рӯизаминӣ, ҳаракатҳои дастаи ёрии таъҷилӣ ва мутахассисони неонаталӣ бояд фаврию босамара бошанд. Ин, бешубҳа, дар ҷодаи интиқоли ҳавопаймоии кӯдакон таҳкурсии асосӣ мебошад.

Ҳаёт эътибор аст, бинобар ин баъзан чунин ҳолат ба вуҷуд меояд, ки кӯдаки заҳмишуда ё тифлаке, ки ҳаёташ зери хатар қарор дорад, ҷиҳати интиқоли таъҷилӣ тавассути нақлиёти ҳавопаймоӣ ба муассисаи махсусгардонидашудаи педиатрӣ мӯҳтоҷ доранд.

Ҳарзамон, аз сабаби мушкилиҳои тиббӣ, ҷарроҳӣ ё дигар омилҳои тез инкишофёфтаистода, навзодонро ба клиникаи дигар шаҳр ё дигар кишвар интиқол додан зарур. Дар чунин ҳолатҳо, вақте, ки нақлиёти рӯизаминӣ алтернативаи муносиб намебошад, интихоби волидайн ба ёрии ҳавопаймоии неонаталӣ мефарояд, ки дастаи экспертони он интиқоли бехатари мизоҷи хурдро кафолат медиҳад. Аз сабаби хатарнокии баланд на ҳама хадамотҳои тиббии нақлиёти ҳавопаймоӣ барои муолиҷаи навзодон таҷҳизотонида шудаанд. Оё шумо дар бораи он ҷамбаҳое, ки протоколи расонидани ёрии тиббиро нисбати мизоҷони хурд дар мошинаи ёрии таъҷилии тиббии ҳавопаймоӣ ташаккул медиҳанд, фикру ақида кардаед?

Ана панҷ ҷамбаҳои асосии хизматрасонии неонаталӣ дар болои ҳаво.

 

  1. Трансфери таъҷилии неонаталӣ

Вобаста ба мушкилии тиббӣ ё ҷарроҳӣ, бисёр навзодон мӯҳтоҷи интиқоли таъҷилии ҳавоӣ тавассути ҳавопайсмои хусусӣ мешаванд. Касе аз онҳо мушкилиҳои тиббиро доранд, касе дигарашон ба фалокат ё заҳм ҳангоми таваллуд дучор шудаанд, ки ҳамаи ин ҳолатҳо ёрии таъҷилии педиатриро талаб мекунанд. Дар вақте, ки навзодро ба клиникаи дигари муолиҷавӣ, дар сатҳи ҳам маҳаллию ҳам  байналмиллалӣ, гузаронидан  лозим аст, ба волидайн ҷиддан тавсия дода мешавад, ки ба интиқоли ниҳоятан бехатар  таваҷҷӯҳи махсусро диҳанд. Банақшагирии рейс барои интиқоли навзод аз ҷониби менеҷери таҷрибадор амалӣ карда мешавад, ки байни муассисаи ҷорӣ, дастаи ёрии таъҷилии тиббии неонаталӣ ва муассисаи қабулкунандаи тиббӣ алоқаи мунтазамро таъмин менамояд.

Читайте также  Медицинская авиация, Болгария

 

  1. Нақлиёт бо дастгоҳҳои тиббӣ

Интиқоли ҳавопаймоии кӯдакони дорои мушкилиҳои тиббӣ нигоҳубини махсус ва дастгоҳҳои марбутаро талаб мекунад. Ҳар як мошинаи ёрии таъҷилии неонаталӣ ин ҳавопаймои хусусие мебошад, ки махсусан таҷҳизотонида шудааст ва экипажи корозмудаи он муолиҷаи интенсивии навзодро зимни парвоз гузаронида метавонад.

Ҳангоми брон кардани рейс бештар аст, ки таваҷҷӯҳи махсус ба дастгоҳҳою таҷҳизотҳои киштии ҳавоӣ дода шавад: он барои шумораи ниҳоии сенарияҳо омода гардида, бо мониторҳои фаъолияти дил, дастгоҳи неонаталии ҳаводиҳии ориятии шушҳо, омехтакунаки пастҳаракати оксигенӣ ва дигар лавозимотҳо барои бурдани мубориза бар зидди вайрониҳои асосии тиббӣ бояд таҷҳизотонида карда бошад.

 

  1. Сатҳи муайяни нигоҳубини махсусан муҳим

Ҷиҳати аз он боварӣ шудан, ки нисбати бемор хизматрасонии дараҷаи олии тиббӣ расонида мешавад, интиқолдиҳанда аккредидатсияи марбутаро дошта, аз ҷониби мақомотҳои расмӣ, ки фаъолияти нақлиёти ҳавопаймоиро ба танзим медароранд, бояд эътироф карда шавад.

Вуҷуди аккредитатсия кафолат медиҳад, ки интиқолкунанда ба таври пуррагӣ ба стандартҳои муқаррарнамудаи таҷрибаи ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад, ки, дар навбати худ, эътимоднокии онро тасдиқ менамояд. Аттестатсия ва аккредитатсияи ширкате, ки бо интиқоли ҳавопаймоии кӯдакон машғул мешавад, омӯзиши мунтазамро пешбинӣ менамоянд, ва аз ин лиҳоз духтурон, фелдшерон ва ҳамширони тиббӣ донишҳои актуалӣ ва малакаи заруриро соҳиб мегарданд.

 

  1. Коммуникатсия ва проседураҳо

Барои ёрии таъҷилии тиббӣ дархост гирифта, менеҷер ё агенти интиқолкунанда бо мутахассиси тиббӣ тамос мекунад ва охирин навъи нақлиёти ҳавопаймоиро маслиҳат медиҳад ва протоколи расонидани ёрии тиббиро зимни парвоз муайян менамояд.

Робитаи иловагӣ байни мутахассисони ихтисосашон маҳдуд, табибони тарафи қабулкунанда, дастаи парвозӣ ва дастаи тиббии ҳамроҳикунанда ба роҳ монда мешавад. Интиқолдиҳандаи хуб хадамоти шабонарӯзии таъминоткунандаро дорад, ки бе таваққуф, бе рӯзҳои истироҳат ва муддати соли дароз кор мекунад – зеро танҳо бо чунин роҳ ҳар як қадамро назорат кардан мумкин, то ки парвози ниҳоятан бароҳатро таъмин намуда, бехатарии интиқоли ҳавопаймоии кӯдаконро кафолат додан мумкин.

Читайте также  ФП «Оболенское» расширяет линейку препаратов для лечения вен и сосудов

Диспетчери рӯизаминӣ ба сифати ҳалқаи пайвасткунанда байни муассисаҳои ибтидоию қабулкунанда амал карда, тамоми логистика, брифингҳои тиббӣ, таҳияи хатсайрҳо ва гирифтани иҷозатҳоро ташкил мекунад. Ба ғайр аз пешкаш кардани хизматрасониҳои аз ҳама тезу бехатар дар соҳаи нақлиёти ҳавопаймоии неонаталӣ, интиқолдиҳанда вазифадор аст кафолат диҳад, ки мизоҷи хурдсолро то ба супоридан ба дасти духтурони беморхонаи статсионарии рӯизаминӣ ҳамроҳӣ карда мешавад.

 

  1. Малакаи неонаталӣ ва салоҳияти даста

 

 

 

 

Навзодоне, ки дар ҳолати фавқуллода қарор доранд, мӯҳтоҷи интиқоли таъҷилӣ ба шӯъбаи терапияи интенсивӣ мебошанд. Ҳайати дастаи тиббӣ, ки рейсро ҳамроҳӣ менамояд, одатан аз духтур (педиатр / неонатолог), пулманолог (мутахассиси терапияи нафаскашӣ) ва, ҳамчунин, ҳамширони тиббии таҷрибадор бо фелдшерони таълимдошта иборат мебошад. Салоҳиятдории даста барои нақлиёти ҳавопаймоии неонаталӣ талаботи ҳатмӣ мебошад ва худи канори чархбол ё ҳавопаймои хусусӣ ҷиҳати ҳалу фасл намудани ҳар як ҳолатҳои ногаҳон ба мисли қатъшавии нафаскашӣ, инкубатсия, гузоштани сурфактанти ориятӣ ва проседураҳои васеъшудаи инвазивӣ бояд таҷҳизотонида шуда бошад. Пеш аз ба иҷора гирифтани ҳавопаймои хусусӣ барои интиқоли ҳавопаймоии кӯдакон масъалаи таҷрибадории дастаи парвозӣ бояд аниқ карда шавад: оё онҳо бо интиқоли кӯдакони чала, навзодон дар ҳолати фавқулодда ва тифлакон бо иллати модарзоди дил ба муассисаҳои гуногуни тиббӣ дар тамоми ҷаҳон машғул буданд ё не.

Як чанд ҷанбаҳои асосӣ ва мушкилиҳо дар ҷодаи таҳияи системаи бештарини нақлиёти ҳавопаймоӣ барои интиқол додани навзодон вуҷуд доранд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳаёти мизоҷи хурдтарак аз ҳар як қадами андешидашуда вобаста мебошад ва ҳар як дақиқа ба ҳисоб гирифта мешавад. Новобаста аз он, ки хадамотҳои ёрии таъҷилии неонаталӣ, аз рӯи назар, сохтори басандаи шаффофро доранд, бисёр амалҳои онҳо дар реҷаи пӯшидашуда мегузаранд, ки аз он аксарияти мо ҳаргиз дарак дошта наметавонем. Аз ин лиҳоз, интиқолкунандаи аккредитатсияшударо интихоб кардан лозим, зеро ба чунин оператор ҳаёти мусофири хурдтаракро боварӣ кардан мумкин ва онеро, ки дастаи ҳамроҳикунанда протоколи қатъиеро, ки таҳкурсии ҷиддӣ дар ҷодаи хизматрасонии тиббии мизоҷ мебошад, риоя мекунад, дилпур мешавуед.

Читайте также  Медицинская авиация, Тунис

Агар шумо дар бораи интиқоли ҳавопаймоии навзодон боз савол дошта бошед, бо мутахасисони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) тамос кунед.

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.