Авиатсияи тиббӣ: 10 маслиҳатҳои муфид ҷиҳати интихоби интиқолкунанда барои парвозҳои дарозмасофат

Авиатсияи тиббӣ: 10 маслиҳатҳои муфид ҷиҳати интихоби интиқолкунанда барои парвозҳои дарозмасофат

Интиқол додани одами наздике, ки ба мушкилиҳои саломатӣ дучор гардидааст – меҳнатӣ хеле бузург аст. Душвориҳои фавқулоддаи тиббӣ ва маъюбӣ инсонро аз ҷиҳати рӯҳию ҷисмони заиф мегардонанд ва ӯ нисбати худ мустақилона ғамхорӣ карда наметавонад, дар ин сурат ҳар кӯшиши нодурусти интиқоли шахсони мазкур бидуни тайёршавӣ ва таҷҳизотҳои марбута боиси оқибатҳои ислоҳнашавандаи номатлуб шуда метавонад.

Аз сабаби он, ки талаботҳо нисбати саломатии ҳар як мизоҷ ва ҳолати тиббӣ фарқият дошта метавонанд, ҷустуҷӯи нақлиёти дурусти тиббӣ барои интиқол додани бемор ба масофати дур кори воқеъан ҳам душвор гашта метавонад.

Чӣ ба инобат бояд гириф…

Оё шумо медонед, ки фақат дар ИМА, ки дар он ҷо омори мазкур муоина шуда буд, ҳар сол тавассути нақлиёти ҳавопаймоӣ ба муассисаҳои гуногуни тиббӣ зиёда аз ним миллион нафар интиқол дода мешаванд. Аз ин рақам 400 000 нафар тавассути чархболҳои мусофиркашии тиббӣ ва 150 000 – тариқи ҳавопаймоҳои тиббӣ интиқол дода мешуданд. Тахмин кардан мумкин, ки дар тамоми ҷаҳон ин рақам як чанд миллион нафарро ташкил медиҳад.

Талаботдории авиатсияи тиббӣ бо он далел вобаста мебошад, ки имрӯз он барои ба масофати дур интиқол додани шахсоне дорои эҳтиёҷи махсуси тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ё ногаҳонӣ интихоби оптималӣ мебошад. Суръати беназир, ҷобаҷогузории муносиб, дастгоҳҳои босифат ва ҳайати тиббии бомалака – ҳамаи инро бисёри вақт мошинаҳои ёрии таъҷилии тиббии рӯизаминӣ пешкаш карда наметавонанд.

Омилҳои бисёр вуҷуд доранд, ки онҳоро зимни ҷустуҷӯи оператори нақлиёти ҳавопаймоӣ ба инобат гирифтан зарур аст. На ҳамаи ширкатҳои авиатсияи тиббӣ сохторҳои монандиро доранд, бинобар ин муҳим аст, ки пеш аз қабули қарор фикру ақида карда, маслиҳатҳоро омӯзед, то ки барои ба масофати дур интиқол додани беморон ширкати нақлиётии беҳтаринро интихоб карда тавонед.

 

  1. Масъалаҳои аккредитатсия

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аккредитатсия ва сертификатсия, ба сафи пеши ҳимояи шумо аз ширкатҳои авиатсияи тиббии бемалакаю шубҳанок бояд гузошта шаванд. Як қатор аккредитатсияҳо, литсензияҳо ва сертификатҳо      мавҷуданд, ки онҳоро ширкати пушниҳодкунандаи хизматрасонии ёрии таъҷилии ҳавопаймои бояд гирад. Дар ҳар як кишвар бастаи чунин ҳуҷҷатҳо гуногун мебошад. Чаро аккредитатсия аҳамият дорад? Зеро, интиқолдиҳанда ба маҷмӯъи муайяни стандартҳои муқаррарнамудаи мақмотҳои назораткунанда, бояд мутобиқ бошад. Ин омил бехатарии рейси дарпешистода, эътимоднокии интиқоли ҳавопаймоии беморонро кафолат  медиҳад ва саҳеҳона дар бораи обрӯю эътибори ширкат шаҳодат мекунад.

Читайте также  «Нацимбио» обеспечила федеральные государственные медучреждения страны препаратами плазмы крови

 

  1. Бехатарӣ: аз ибтидо ба доимо!

Вақте, ки дар бораи интихоби ширкати муносиби ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ сухан меравад, оромии шумо аҳамияти аз ҳама зиёдро дорад. Интиқолкунандаи обрӯманд маълумотро дар бораи стандартҳои маҳфиятдорӣ, маслиҳатҳо оиди хизматрасонӣ нисбати воситаҳои нақлиётӣ ва проседураҳои фавқулоддае, ки онҳоро иҷро карданро интиқолкунанда ҳуқуқ дорад, бе ягон мушкилӣ ба шумо пешниҳод мекунад. Танҳо ширкатҳои беҳтарини нақлиётии тиббӣ кафолат медиҳанд, ки ҳайати онҳо навиштаҷотҳоро дуруст мебаранд, ҷиҳати расондани ёрии аввалини тиббӣ таълим мегиранд ва стандартҳои маҳфиятдориро, ки ба қонун дар бораи сирри тиббӣ тааллуқ доранд, риоя мекунанд.

  1. Нигоҳубинӣ ва бароҳатӣ барои беморон

Интиқоли ҳавопаймоии беморон ба масофатҳои дур, ҳам барои мизоҷ ва ҳам барои хешовандони ӯ ҷараёни хастакунанда шуда метавонад, бинобар ин хеле муҳим аст, ки ширкатҳои пешкашнамудаи интиқол, бо бастаи пурраи дастгоҳҳои тиббӣ ва хизматрасониҳо доир ба нигоҳубини беморон таҷҳизотонида шуда бошанд. Саёҳат дар дохили кишвари модарӣ ва махсусан интиқолдиҳӣ ба дигар давлат, дар сурати аҳамияти зарурӣ надодан ба интихоби интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ, эҳтимолан сафари хастакунандаю вазнин мегардад. Ба ғайр аз ҳайати касбии тиббӣ дар дохили ҳавопаймои хусусӣ ё чархболи мусофиркаш тахтаи бароҳати тиббӣ бо бистари муолиҷавӣ, мабразхонаи дарунӣ, баллонҳои эҳтиётии оксигенӣ, дастгоҳи аспиратсионӣ, зонд барои таомдиҳии сунъӣ ва ҳ. бояд гузошта, вуҷуд дошта бошанд.

  1. Хизматрасониҳои пешкашшуда

Одатан, намояндаҳои беҳтарини авиатсияи тиббӣ номгӯйи васеъи хизматрасониҳоро барои ҳар ҳолати фавқулодда пешкаш карда метавонанд. Ин ширкатҳо бо дастаҳои корозмудагон дар канор на танҳо ёрии тиббиро дар баландии калон, балки кӯмаки алтернативии рӯизаминӣ ва тариқаҳои литсензиядоштаи ҳамроҳии тиббиро расонида метавонанд. Экипажи сертификатсияшудаи интиқолкунанда чандин сатҳи ёрии тиббиро дар вақти ҳар як рейс таъмин мекунад. Ҳавопаймоҳои хусусӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ва дастгоҳҳои неонаталӣ барои таъминоти клиникавии сатҳи баландтарин бояд таҷҳизотонида шуда бошанд.

 

  1. Ҳамроҳии тиҷоратии тиббӣ

На ҳама бемороне, ки мӯҳтоҷи интиқолдиҳӣ ба масофатҳои дур мебошанд, ба назорати шабонарӯзии ҳолати саломатиашон эҳтиёҷот доранд. Ба баъзеҳояшон кӯмак ё проседураҳои муайян фақат зимни саёҳат зарур мешаванд. Тибқи талаботи  мизоҷон, интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ бояд имконият дошта бошад, ки ҳамроҳии тиҷоратии тиббӣ бо иштироки духтур, ҳамшираи тиббӣ ё фелдшерро пешкаш карда тавонад. Бо мақсади он, ки интиқоли ҳавопаймоии беморон бенуқсон гузарад, бисанҷед, ки ҳайати ҷудогардидаи тиббӣ тамоми сертификатҳо, дипломҳо ва литсензияҳои заруриро барои расонидани кӯмаки таъҷилӣ дар болои ҳаво дошта бошад.

Читайте также  Медицинская авиация, Кипр

 

  1. Интиқол аз беморхона то ба беморхона

 

Новобаста аз он, ки тарафи логистикии масъалаи ҳамоҳангсозии интиқоли ҳавопаймоии беморон ҷараёни мураккаб шуда метавонад, танҳо ширкати касбӣ эҳтиёҷи шуморо дар ҷодаи шарҳи дурусти ҳар тафсилоти саёҳат фаҳмида метавонад. Интиқол аз беморхона то ба беморхона расонидани кӯмакро дар тамоми давраҳои сафар дарбар мегирад, минҷумла: ёрии тиббии ибтидоӣ, ҳамроҳии духтурону ҳамширони тиббии малакадор, тавассути дастгоҳҳо таъмин кардани кори узвҳои ҳаётан муҳим, хизматрасониҳои амбулаторӣ ва хизматрасониҳо доир ба интиқол додани беморон тариқи аробачаҳои маъюбӣ.

 

  1. Ғамхории таъҷилӣ нисбати беморон

Суръати коркарди дархости шумо аз ҷониби интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ дар бораи шакли хизматрасониҳои пешкашшуда бисёр нақл карда метавонад. Ҳодисаҳои номатлубу фалокат дар ҳар вақт ба вуҷуд омада метавонанд ва яке аз ҳама чизҳои муҳиме, ки онро зимни интихоби ширкати нақлиётӣ ба инобат бояд гирифт, аз он иборат аст, ки онҳо соҳиби персонале мебошанд, ки ҷиҳати амал кардан дар чунин ҳолатҳо таълим гирифтааст. Фаҳмидани зарурияти қонеъгардонии саривақтии дархостҳо ва таъмини интиқоли бефосила тавассути ронандагону сарнишинони таълимгирифта, махсусан дар ҳолатҳое, ки бемор интиқоли дурмасофатро эҳтиёч дорад, интиқоли ҳавопаймоии беморонро ба хизматрасонии талаботдоштаи ҷаҳони муосир табдил медиҳад.

 

  1. Интиқол ба масофатҳои наздику дур

Пеш аз он, ки дар бораи интихоби интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ қарор кардан, бисанҷед, ки оператори интихобнамудаатон дар минтақаи шумо кору фаъолият дорад ва то ба нуқтаи зарурбудаи муқарраршуда ҳаракат карда метавонад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, хизматрасониҳои авиатсияи тиббиро аз ҳама зиёд доир ба масъалаҳои педиатрия, ҷиҳати интиқоли узвҳои донорӣ, зимни норасоии рагу дил ва барои интиқоли ҳавопаймоии беморон бо захмҳои гуногун истифода мебаранд.

Ширкатҳои сертификатсияшудаи байналмилалӣ доимо тайёр мебошанд, ки якбора рӯйхати хизматрасониҳои хешро пешкаш намоянд, омодагиро ҷиҳати таъмини нигоҳубини пурраи беморон тасдиқ кунанд ва ҳамроҳии ҳавопаймоию рӯизаминии мизоҷро ташкил намоянд.

 

  1. Хароҷотҳои пӯшидашударо эҳтиёт шавед

Хароҷотҳо барои пардохтани ёрии таъҷилии ҳавопаймоӣ буҷети шуморо хеле хароб карда метавонанд. Албатта, шумо намехоҳед, ки тағӣирёбии ногаҳони нархҳо шуморо ба ташвиш дарорад, бинобар ин бисанҷед, ки шумо ҳамаҷониба ба сафар омода мебошед. Ба агентони брокер ё интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ дар бораи вуҷуди хароҷотҳои пӯшидашуда ё иловагӣ нисбати хизматрасониҳои онҳо рӯйрост савол диҳед. Албатта, дарозии саёҳат ва шакли хизматрасонӣ, ки барои бемор заруранд, аз ҷиҳати маблағи ниҳоӣ аҳамияти калонро доранд, вале доимо бештар аст, ки миқдори хароҷоти дарпешистодаро пешакӣ маълум кунед, то ки як чанд ширкатҳоро муқоиса кардан ва интихоб кардани ҳамбастагии оптималии нарху сифатро имконият дошта бошед.

Читайте также  Медицинская авиация, Литва

 

  1. Тақризҳоро дар бораи ширкат омӯзед

Ҷанбаи охирини аз ҳама муҳим – ин тақризҳои мизоҷони пештара мебошанд. Доимо пеш аз бронкунӣ бо чунин маълумот шинос шавед. Фикру мулоҳизаҳои шиносатонро пурсед, дар бораи хизматрасониҳо дар интернет тақризҳоро хонед – ба хотири оромии хеш чораандешии ҷиддӣ кунед. Охир шумо бо интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ, ки бо ҳолатҳои фавқуллода корбарӣ карданро таҷриба надорад ё фаҳмиши аҳамияти ёрии таъҷилии тиббиро дуруст дарк намекунад, рӯбарӯ шудан намехоҳед.

 

На ҳама ширкатҳои авиатсионии тиббӣ якхеланд

Вақте ки кор ба интиқоли ҳавопаймоии беморон ба масофатҳои дур фаро мерасад, осудагию бехатарии мизоҷ афзалияти асосии оператори нақлиёти ҳавоӣ бояд бошад. Ширкатҳои аккредитатсияшудаи обрӯдошта ҷиҳати он, ки нақлиёти онҳо бо дастгоҳҳои баландсифати муосир таҷҳизотонида шуда бошанд ва дар канор ҳайати таҷрибадори тиббӣ навбадорӣ дошта бошад, ки ба бемор бароҳатии ниҳоиро таъмин карда метавонад, доимо ғамхор мебошанд.

Ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) кафолат медиҳад, ки мизоҷон дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон, ки ба он ҷо сафар кардаанд, сатҳи беназири хизматрасонии тиббиро соҳиб мегарданд. Агар ба шумо зарур аст, ки интиқоли ҳавопаймоии беморонро ташкил кунед – новобаста аз он, ки бемор хешованди пирсол, маъюб ё одами наздике ба касали бедаво дучоршуда мебошад – шарикони мо чунин киштиҳои ҳавопаймоиро пешкаш мекунанд, ки дорои дастгоҳҳои муосир ва ҳайати сертификатсияшудаи тиббӣ мебошанд.

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.