Ҷанбаҳои асосии интиқол тавассути авиатсияи тиббӣ

Ҷанбаҳои асосии интиқол тавассути авиатсияи тиббӣ

Ҷанбаҳои асосии интиқол тавассути авиатсияи тиббӣ

Худ хизмати авиатсияи тиббӣ махсусан беназир аст, зеро дар ин сурат дар канори ҳавопаймои хусусӣ шахсе, ки мӯҳтоҷи ёрии таъҷилии тиббӣ мебошад, интиқол дода мешавад. Қариб даҳ сол пеш кори сарнишини нақлиёти ҳавопаймоии тиббӣ дар ҷаҳон яке аз ҳама хатарнок ба ҳисоб мерафт. Он вақт дар соҳаи ёрии таъҷилии тиббии ҳавопаймоӣ шумораи зиёди садамаҳо мушоҳида карда мешуданд. Дар баробари ин инкишофи якбораи авиатсияии тиббӣ низ ба назар мерасид, ҳол он ки дар тамоми ҷаҳон бо чунин намуди фаъолият танҳо чанд ширкатҳо машғул буданд, ки қисми асосии онҳо дар Амрикои Шимолӣ ҷойгир буданд.

Шӯрои миллии амрикоӣ доир ба бехатарӣ дар нақлиёт (NTSB) хабар додааст, ки ҳодисаҳо бо иштироки нақлиёти тиббии ҳавопаймоӣ аз ҳама зиёд дар он вақт боиси оқибатҳои ҳалокатовар мегарданд, ки сарнишинон бо обу ҳавои бад ва намоёнии заиф ногаҳон рӯбарӯ мешаванд, ва дар чунин ҳолат онҳо ба шароити гумроҳии кулл дучор мегарданд.

NTSB оҷонсии мустақил аст, ки сабабҳои эҳтимолии ҳолатҳои садамавиро дар ҳаво муайян мекунад ва дар ҷодаи баланд кардани сатҳи бехатарӣ корбарӣ менамояд. Зиёда аз бист сол қабл мақомоти мазкур Раёсати федералии авиатсияи граждании ИМА-ро даъват намуда буд, ки принсипҳои парвозҳои нақлиёти тиббии ҳавопаймоӣ таҳия карда шаванд, то ки ҷиҳати баланд кардани сатҳи бехатарӣ мусоидат намоянд. Имрӯз тамоми ҳавопаймоҳои хусусии ҷаҳон, ки дар соҳаи авиатсияи тиббӣ истифода карда мешаванд, қоидаҳои қатъии парвозҳо ва проседураҳои беҳтаркардашудаи омӯзишро риоя мекунанд, дар дохили канора коммуникатсияи муосир ва дастгоҳҳои навтаринро истифода мебаранд. Ҳамаи ин қоидаҳо аз ҷониби мақомотҳои Амрикои Шимолӣ таҳия шуда буданд, вале аз ҳамон давра дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи умумӣ ҷорӣ гардидаанд.

Читайте также  Вертолетная служба HeliDrive сократила смертность на питерской кольцевой дороге

Ҷанбаҳои асосии аҳамиятдоштаи ширкати нақлиётии ҳавопаймоии тиббӣ

Инак, ҷанбаҳои асосии бехатарӣ, ки ба онҳо ширкати ҳавопаймоии тиббӣ бояд мутобиқ бошад, аз чӣ иборат мебошанд? Ана тавсифи мухтасари панҷ ҷанбаҳои асосӣ:

  1. На ҳамаи операторони нақлиётии тибии ҳавопаймоӣ баробаранд

Бешубҳа, на ҳама операторон баробар мебошанд, зеро на ҳама киштиҳои ҳавопаймоии тиббӣ аккредитатсияи марбутаро доранд. Даст кашидан ва рад кардани хизматрасонии интиқолкунандагони ҳавопаймоии аккредитатсия надошта ба таври автоматикӣ боиси аз бозор хориҷ шудани он операторон, ки ба стандартҳои баландии соҳа мутобиқ намебошанд. Аккредитатсияи мақомотҳои соҳавӣ – ин мӯҳри сифат аст, ки самаранокӣ ва сифати хизматрасонии интиқолкунандаро шаҳодат медиҳад.

  1. Ҳайати тиббӣ ва экипажи парвозкунандаи бомалака

Яке аз мушкилиҳои асосии бехатарии ширкатҳои нақлиётии тиббии ҳавопаймоӣ ва, умуман, соҳаи мазкур, ин далели он мебошад, ки экипажи парвозкунанда ва ҳайати тиббӣ на ҳама вақт таҷрибаи ба ном омӯзиши сенариявиеро доранд, ки машқҳоро бо истифодаи симуляторҳо ва тренажерҳо дарбар мегирад. Стандартҳои айни замон ҷорӣ гардида кафолат медиҳанд, ки экипажи ҳавопаймои хусусӣ тайёрии босифати парвозиро дошта, дар шароити абрнокии паст ва айёнии заиф машқи парвозро кардааст, дар навбати худ қисми тиббии экипаж таҷрибаи васеъи расонидани ёрии таъҷилиро дорад.

  1. Вуҷуди дастгоҳҳои махсус

Обу ҳавои бад – ин мушкилии аз ҳама калон аст, ки бо он сарнишинон, махсусан зимни парвоз дар вақти шаб, рӯбарӯ шуда метавонанд. Интиқолкунандагони тиббии сертификатсия кардашуда ва мошинаҳои ёрии тиббии ҳавопаймоии онҳо бо системаҳои махсуси хабардиҳӣ, нишонкунандаҳои хусусияти маҳали парвоз, системаҳои огоҳкунанда, дастгоҳҳои биниши шабона (NVIS),  системаи ҷархболии парвоз аз бари монеаҳо дар баландии паст (H—TAWS)  бояд таҷҳизотонида шуда бошанд. Сарнишинон ҷиҳати истифодабарии системаҳои мазкур ва ҳамкорӣ кардан бо системаи автопилот бояд таълим гирифта бошанд, то ки дар шароити айёнии заиф ва обу ҳавои бад гумроҳ нашаванд.

  1. Имконияти риоя кардани ҳамаи талаботҳои меъёрӣ

Тибқи таҳқиқотҳои бисёршумораи соҳавӣ, танҳо 3-5% нақлиёти тиббии ҳавопаймоӣ хизматрасониҳои сатҳи ҷаҳониро пешниҳод мекунад. Ба ин ақаллият интиқолкунандагоне, ки ба стандартҳои баландтарини сифат ҷавобгӯй мебошанд, проседураҳоро ҷорӣ намуданд, нақлиёт, дастгоҳҳо ва омӯзиши онҳо ба меъёрҳои соҳа мутобиқанд, тааллуқ доранд. Интиқолкунандагони тиббӣ ба мусофирони хеш чунин ҳавопаймоҳои хусусиро пешниҳод мекунанд, ки бо дастгоҳҳою лавозимотҳои тиббӣ пурра таҷҳизотонида шудаанд. Ҳайати тиббӣ дар ҷодаи расонидани ёрии таъҷилӣ таълими хубро гирифта, ҳам дар шароити амбулаторӣ ва ҳам стасионарӣ таҷрибаи марбутаро дорад.

  1. Ба стандартҳои баланд мутобиқ будани нақлиёти тиббӣ

Риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда боиси он мегардад, ки интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ чун ширкате ба стандартҳои баланди авиатсияи тиббӣ мутобиқ набуда ҳисобида мешавад. Доираи қатъие, ки аз ҷониби мақомотҳои назораткунанда муқаррар карда шуданд, ҷиҳати пас кардани шумораи садамаҳо мусоидат намуда буданд, вале бархилофи ин интиқолкунандагони беинсоф на танҳо обрӯю эътибори соҳаро вайрон мекунанд, балки ҳаёту саломатии мусофиронро зери хатар мегузоранд. Танҳо саволҳои дурустро дода, шумо ширкати нақлиётии тиббии муносибро пайдо карда метавонед ва қурбони онҳое, ки барои таълими ҳайати корӣ ва таҷҳизотонидани киштии ҳавоӣ маблағро дареғ дошт, намешавед.

Читайте также  НИЦ «Институт имени Н.Е. Жуковского» сформировал перечень «больших вызовов» для отечественной авиации

Оё мусофирон бехатарии рейсҳои тиббии ҳавопаймоиро санҷида метавонанд?

Пеш аз иҷораи ҳавопаймои хусусӣ барои гузаронидани рейси тиббӣ, хешовандону дӯстони бемор дар ҷодаи таъмини стандартҳои бехатарӣ метавонанд иштирок намоянд. Якӯм, пеш аз ҳама, албатта, зарур аст, ки аккредитатсияи интиқолкунанда ва квалификатсияи ҳайати парвозкунандаю тиббӣ санҷида шаванд. Дуюм, ҳатман аниқ кардан лозим, ки аз кадом сабаб табибон чунин намуди нақлиёт ва тарзи муолиҷаро дар вақти парвоз интихоб кардаанд.

Дигар масъалаҳои аҳамиятдошта – ин вуҷуди дастгоҳҳои зарурбудаи тиббӣ, ҳамроҳии мусофир то ба клиникаи рӯизаминӣ ва тамос бо духтури доимии муолиҷакунанда мебошанд. Ҳамаи инҳо то ба брон кардани рейс ва тартиб додани хатсайр лозим аст. Ҷавобҳои гирифташуда барои қабул кардани қарорҳои минбаъда асос мешаванд.

Маълумоти иловагӣ дар бораи хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ зарур аст?

Бо мутахассисони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) тамос кунед, ки онҳо ба ҳамаи саволҳои пайдогардида ҷавоб дода, ҷиҳати ташкил кардани рейси таъҷилии тиббӣ кӯмак мерасонанд.

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.