Тахлияи тиббиро тавассути ҳавопаймои хусусӣ чӣ тавр орому бароҳат бояд гузаронд

Тахлияи тиббиро тавассути ҳавопаймои хусусӣ чӣ тавр орому бароҳат бояд гузаронд

Дар сурати пайдо гардидани ҳолати форс-мажор, дар вақте, ки ёрии таъҷилии тиббӣ зарур мешавад, беморону аъзоёни оилаашон, махсусан, дар хориҷи кишвар, ба як қатор мушкилиҳо дучор шуда метавонанд. Аз масъалаҳои раводидгирӣ то ба монеаҳои забондонӣ – дар ин ҷо сабабҳои бисёр мавҷуданд, ки пазлро барзидди фоидаи шумо баргардонида метавонанд. Ҷиҳати пешгирии асабишавии ҷиддӣ ва осон кардани ҳаёти хеш, зимни банақшагирии саёҳати навбатӣ як қатор омилҳои зеринро ба инобат гиред.

Навиштаҷотҳои тиббии хеш ва рӯйхати дорувории заруриро доимо дар таги даст нигоҳ доред

Дар сурати ба вуҷуд омадани зарурияти гузаронидани тахлияи таъҷилии тиббӣ, дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои лозимӣ метавонад мушкил гардад, махсусан, агар онҳо дар дурӣ нигоҳ дошта намешаванд. Аз ин лиҳоз, мақсаднок аст, ки навиштаҷотҳо (руйхати дорухатҳо, маълумоти тамосии духтур, иқтибосҳои таърихи беморӣ) ба шакли электронӣ гузаронида шуда, дар даруни почтаи электронӣ нигоҳ дошта шаванд. Ғайр аз ин, чунин тадбир ҷустуҷӯ ва супоридани маълумотро осон мекунад, зеро навиштаҷотҳоро ба чоп баровардан зарур нест.

Бисанҷед, ки тахлияи тиббӣ бо суғуртаи шумо подош мешавад

Пеш аз суғуртаи саломатӣ ё тартиб додани полис барои саёҳат дар Аврупо, бо қоидаҳои пешниҳод кардани суғурта шинос шавед ва бисанҷед, ки хизматрасониҳои тахлияи тиббӣ ба полис дароварда шудаанд. Махсусан шахсоне, ки дучори касалиҳои дарозмуддате, ки ҳарзамон авҷ мегиранд, бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи алоҳидаро зоҳир намоянд.

Тадқиқи хурдро гузаронед

Пеш аз сафар рафтан ҳатман ба духтури муолиҷавии хеш муроҷиат кунед, то ки муайян карда тавонед кадом чизҳоро бояд пешгирӣ кард, дар ҷодаи қабули дорувориҳо кадом тағӣирот даровардан лозим ва ҳ. Ҳамчунин, нисбати касалиҳои хоси он кишваре, ки шумо бояд ташриф оваред, чораҳои эҳтиётиро андешед. Ба ғайр аз ин, ба шумо зарур аст, ки вуҷуди беморхонаҳоро дар маҳали будубоши муваққатӣ муайян карда шавад. Ба таври илова лозим аст, ки дорухатҳои тиббии хешро бо худ гиред, зеро дар бисёр кишварҳо нисбати фурӯши дорувориҳо қонунҳои қатъӣ амал мекунанд.

Читайте также  Медицинская авиация, Панама

Нозукиҳои сервиси тахлияи тиббии ҳавопаймоиро бидонед

Мақсади асосии интиқоли ҳавопаймоии беморон иборат аз интиқоли бехатари бемор аз нуқтаи А ба нуқтаи Б мебошад. Беморро мутахассисони тиббӣ ҳамроҳӣ менамоянд ва ҳавопаймои хусусӣ, бошад, бо воситаҳои муолиҷаи интенсивӣ, рӯйпушкунакҳои оксигенӣ ва доруворӣ таҷҳизотонида шудаанд. Кисми зиёди интиқолкунандагони ҳавопаймоӣ дар штатҳои хеш мутахассисони бавосита (тарҷумон, мушовирон оид ба масъалаҳои қонунгузории раводидӣ)-ро доранд, ки аксарият ташвишҳои расмиятиро бар зиммаи худ мегиранд. Дастаи мазкур бо хешовандони бемор мулоқот мекунад, бо беморхонаҳои қабулкунанда ва духтурон масъалаҳоро ҳамоҳанг месозанд, дар вуҷуди зарурият бо ҷарроҳон, физиотерапевтон ва мутахассисони хориҷӣ ба тамос мебарояд.

Аз ҳама муҳимаш – нисбати саломатии хеш ғамҳор бошед

Саломатӣ – тарафи муҳимтарини ҳаёти ҳар фард аст ва ҷиҳати пешгирии мушкилиҳо, шумо дар бораи бадани хеш ва ақлу фаросат бояд ташвиш кашед. Бале, аз ҳолатҳои фавқуллода касе эмин нест, вале агар шумо дорувориро истеъмол мекунед ё духтури муолиҷакунандаи шумо аз баъзе чизҳо даст кашиданро тавсия додааст, бештар аст, ки ин тавсияҳоро пайравӣ кунед.

Дар ҳар ҳолат агар форс-мажор ва зарурияти тахлияи тиббӣ ба вуҷуд оянд, ва ба шумо ё шахси наздики шумо интиқоли ҳавопаймоии беморон лозим шавад, шумо метавонед ба ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) муроҷиат кунед, ки мутахассисони он ҷиҳати ҳалу фасл намудани ҳама мушкилиҳои шумо кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Роҳи сафед, асабӣ нашавед ва саломат бошед!

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.