Интиқоли ҳавоии беморони иллати мағз сар

Интиқоли ҳавоии беморони иллати мағз сар

Интиқоли ҳавоии беморони иллати мағз сар

Авиатсияи тиббӣ ба кӯмаки беморони бо ташхиси гуногуни касалӣ, аз ҷумла бо иллати мағзи сар омода аст. Беморони зерин интиқоли эҳтиёткоронаро тақозо дорад, чунки шахсон бо кафидани раги хуни мағзи сар дорои ҳиссиёти хоса мебошанд.

Ба куҷо бурдан лозим

Беморон бо иллати мағзи сар муолиҷаи аввалияро дар беморхонаҳои умумӣ мегиранд. Мутассифона, дар чунин беморхонаҳо шӯъбаҳои нейрохирургӣ вуҷуд надорад. Чунин беморон бояд таъҷилан ба шӯъбаи нейрохирургӣ интиқол дода шаванд. Аммо ҳолати фавқулоддаи беморон имконияти интиқоли онҳоро ба тариқи анъанавӣ маҳдуд менамояд, бинобар ин ба кӯмаки онҳо авиатсияи санитарӣ меояд.

Дар ин ҳолат бояд бисёр эҳтиёткорона муносибат кард, чунки иллати такрории ишемии мағзи сар бавуҷуд омада, ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.

 Интиқоли ҳавоии беморони иллати мағз сар

Иштибоҳҳои маъмул дар интиқоли ҳавоии беморон

Мутассифона, дар кор бо беморони вазнин норасогиҳо ба назар мерасанд. Яъне, дар интиқоли ҳавоии беморони иллати мағзи сар, набояд як корманди тиббӣ, балки бригадаи тиббӣ ҳамроҳӣ кунад. Ҳатман, дар интиқоли чунин беморон аввалиндараҷа бояд ҳуҷҷатҳои терапияи интенсивӣ, тащхис ва эпикриз замима гарданд.

Дар ҷараёни парвоз бемор бояд бо миқдори кифояи оксиген таъмин буда, чархбол бо таҷҳизоти зарурии терапии интенсивӣ муҷаҳазонида бошад.

Дар ҷараёни интиқоли ҳавоии беморони вазнин боз дигар камбудиҳо ва норасогиҳо маъмул ва ҷой доранд. Чунончи, кормандони тиббӣ, ки беморони мазкурро ҳамроҳӣ менамоянд, таъсири интиқоли ҳавоӣ, бо назардошти тағйирёбии патофизиологӣ ва бадшавии вазъи саломатии касалро, ба эътибор намегиранд. Бояд сатҳи ғалоғула, фишори атмосферӣ, суръат ва ларзишро ба инобат гирифт. Дар баробари он, дар ҳолатҳои зарурӣ набояд аз вентилятсияи сунъии шушҳо даст кашид.

Дар ҳолати риояи пурраи қоидаҳои бехатарӣ парвози беморони иллати мағзи сар мунтазам ҷараён мегирад.

admin

Comments are closed.