7 маслиҳат доир ба интиқоли тиббии беморон бо заҳми мағзи сар

7 маслиҳат доир ба интиқоли тиббии беморон бо заҳми мағзи сар

7 маслиҳат доир ба интиқоли тиббии беморон бо заҳми мағзи сар

Бемороне, ки дучори заҳми сар шудаанд, ёрии тиббии саривақтиро махсусан мӯҳтоҷ мебошанд. Тибқи маърӯзаи нашргардидаи Маркази назорат ва пешгирии беморӣ, фақат дар ИМА ҳар сол 30% фавту вайроншавии барнагаштании саломатӣ бо заҳми мағзи сар вобастагӣ доранд. Маҳз аз ин сабаб, саривақт гирифтани ёрии тиббӣ хеле муҳим мебошад. Аз тифлакон то ба кӯҳансолон, аз ҷавону пурқувват то заифшудагон бинобари касалиҳои гуногун – ба заҳми мағзи сар ҳар кас, дар ҳар вақт ва дар ҳар маҳали дурдастарин дучор шуда метавонад. Дар сурати ба вуҷуд омадани чунин ҳодиса, илтимос, бисанчед, ки тафсилотҳои зеринро мефаҳмед ва дарк мекунед:

 

Қабули қарорҳо дар асоси маълумоти пешкашгардида

Бо мақсади он, ки ҳамаи расмиятҳо ҳалу фасл карда шаванд ва нақшаи парвоз таҳия гардад, ба оператори чартерӣ ва дастаи ёрии таъҷилии тиббии ҳавопаймоӣ маълумоти муайян зарур аст. Мутахассисон маълумотро дар бораи ҳолати ҷории бемор талаб мекунанд, нишондиҳандаҳои тиббиро дархост менамоянд, шаклу вазнинии заҳми бардошташударо муайян мекунанд, номгӯи дорувории муқарраршударо тартиб медиҳанд. Наздикони ҷабрдидаро зарур аст, ки дар бораи хосияти заҳм ва ҳолати бемор маълумоти пурраро пешниҳод кунанд, то ин ки оператори чартери ҳавопаймои хусусии оптималиро интихоб кунад ва дастаи тиббӣ, бошад, зимни парвоз ёрии марбутаи тиббиро ташкил карда тавонад.

Ҳавопаймоҳои куллан таҷҳизотонидашуда

Ёрии тиббӣ нисбати бемори дорои заҳми мағзи сар, ки ба таври амбулаторӣ ва дар болои ҳаво расонида мешавад, ҷараёни хеле мураккаб шуда метавонад, зеро барои нигоҳдории саломатӣ ва таъминоти ҳаёти ӯ дастгоҳҳои гуногуни тиббӣ зарур мешаванд. Дар ин ҳолат малакаи оператори чартерӣ аҳамияти калон дорад. Ба агент зарур аст, ки чунин ҳавопаймои хусусиро интихоб кунад, ки барои парвозҳо ба масофати ҳам наздику ҳам дур муқаррар гардида, бо техникаи расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ (баллонҳои оксиген, мониторҳо ва нишонкунандаҳо, дастгоҳҳои ҳавокашии ориятии шушҳо, занбарҳо ва ҳ.) таҷҳизотонида шуда бошад. Ба интиқолкунанда, ки кори ёрии таъҷилии ҳавопаймоиро идора мекунад, зарур аст, ки ҷиҳати паст гардонидани турбулентӣ ва зиёд кардани суръати ҳаракати киштии ҳавоӣ, барои парвоз дар баландии калон пешакӣ иҷозат гирад.

Читайте также  Шнобелевская премия: метод лечения инструментом диджериду и ненависть к сыру

 

Ёрии доимии тиббӣ

Албатта, бемороне, ки ба заҳми косаи мағзи сар ё инсулт дучор шудаанд, мӯҳтоҷи ғамхории доимӣ мебошанд, ва бинобар ин хеле муҳим аст, ки маҳз он намояндаи авиатсияи тиббӣ интихоб карда шавад, ки бо расонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба таври «аз клиника то ба клиника» бо ҳамроҳии ҳатмии тиббӣ специализатсия дошта, машғул мешавад.

Ҳайати бомалакаю таҷрибадор

Мусофироне, ки аз хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ истифода мебаранд, ба мониторҳо пайваст мешаванд, то ки ҳайати тиббӣ ҷиҳати назорат кардани тамоми нишондиҳандаҳои саломатиашонро муддати тамоми парвоз имконияти доимӣ дошта бошанд. Бисёри вақт беморони мазкур ба баллони оксиген пайваст карда мешаванд ва ба онҳо дорувории зарурӣ дода мешавад, то ки мусофир парвозро ба осонию бароҳат гузаронад.

Нақшаи парвоз вобаста ба эҳтиёҷи бемор тартиб дода мешавад ва даста кафолат медиҳад, ки дар канори ҳавопаймои хусусӣ хомӯшӣ ва оромӣ таъмин карда мешаванд, то ки осудагии мусофир ва шахсони ҳамрокунандаи ӯ бо чизе вайрон карда нашавад. Барои таъмин кардани ҳолати ниҳоии оромӣ ва паст кардани сатҳи асабишавӣ, ҳайати киштӣ истифода кардани гӯшакҳо ё гӯш кардани мусиқии форамро пешниҳод карда метавонад.

Дастаи тиббии интиқолкунанда вобаста ба осебҳо таҷрибаи корӣ бояд дошта бошад ва табибон, бошанд, вазифадоранд, ки ба бемороне аз сабаби заҳм гумроҳшуда ва баъзан бадфеълбуда, ёрӣ расонанд.

Табибони садамавӣ, ба ғайр аз ин, усулҳои оромгардонӣ ва нармкунии системаи асаби беморону наздикони онҳоро бояд аз худ карда бошанд.

Пешкаш кардани хизматрасонии рӯизаминӣ

Интиқолкунандае, ки рейсҳои таъҷилиро ташкил мекунад, ба таври реҷаи шабонарӯзӣ бояд кор кунад. Аксарият намояндагони авиатсияи тиббӣ на танҳо ба навъҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хусусӣ, балки ба духтурону мутахассисони тамоми ҷаҳон дастрасӣ доранд, бинобар ин ҷиҳати ташкил кардани нигоҳубини махсус ва ҳамроҳии тиббии беморон кӯмак расонида метавонанд. Вале, интиқолкунанда на танҳо ҷиҳати тиббӣ, балки тартиб додани ҳуҷҷатҳои парвозу фурудоӣ ва бистарикунонии мизоҷ, дар вуҷуди зарурият ташкил кардани рейси иттисолӣ ва нақлиёти рӯизаминиро то ба клиника бар зиммаи худ бояд гирад.

Читайте также  Когда ребенок появится на свет

Наздиконе, ки беморро ҳамроҳӣ мекунанд

Фаҳмо аст, ки ҳам худи бемор ва ҳам наздикони ӯ аз тағӣиротҳои ҳаётӣ, ки дар оқибати ҳодиса ба вуҷуд омадаанд, хавотир ҳастанд, аз ин лиҳоз ҳайати таҷрибадори оператори чартерӣ бояд ташвиш кашад, ки ҳамаи мусофирон дар канора худро дар бехатарӣ эҳсос кунанд ва ба ин хотир онҳо бояд дарк кунанд, ки ба дасти нек фаромаданд. Аъзоёни оилаи бемор наздики хешро дар канори худи ҳамон ҳавопаймои хусусӣ ҳамроҳӣ карда метавонанд. Аъзоёни экипаж ва дастаи тиббӣ мефаҳманд, ки дар бари бемор вуҷуд доштани одами наздик ҳолатаашро назаррас сабук мегардонад, зеро ба ӯ боварию оромиро мебахшад, бинобар ин дар аксарият вақтҳо шахсони ҳамроҳикунанда дар наздикии бевосита бо ҷабрдида қарор дошта, дастаашро дошта метавонанд.

 

Интихоби интиқолкунанда, ки хизматрасонии авиатсияи тиббиро пешниҳод мекунад

Ҷиҳати интихоби интиқолкунанда, хеле муҳим аст, ки бо ҳуҷҷатҳои аккредитатсияи он ва фоизи рейсҳои бомувафаққият иҷрогардида шинос шавед.

 

Дар Амрикои Шимолӣ расонидани хизматрасониҳои авиатсияи тиббӣ аллакай зиёда аз бисту панҷ сол инкишоф ёфта истодааст, дар Аврупо то ба наздикӣ сервиси мазкур танҳо ба мизоҷони давлатманд дастрас буд, дар зимни ин, дар Русия табобати садамавӣ нисбатан нав суръат гирифта истодааст.

Ҷиҳати дар бораи авиатсияи тиббӣ маълумоти бештар гирифтан бо намояндагони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) худи ҳозир тамос кунед!

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.