7 далелҳо дар бораи репатриатсияи ҳавопаймоии тиббӣ, ки онҳоро донистан зарур

7 далелҳо дар бораи репатриатсияи ҳавопаймоии тиббӣ, ки онҳоро донистан зарур

Ба вуҷуд омадани зарурияти репатриатсияи тиббӣ – фалокати бадтарини ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки ба кишвари бегона барои истироҳат ё сафари корӣ ташриф овардааст. Тамоми ин ҳолат хеле асабӣ ва пурҳаяҷон шуда метавонад. Вақте, ки шумо дар кишвари истиқомати доимӣ қарор доред ва саломатии шумо ба чизе форс-мажорӣ дучор мешавад, шумо медонед чӣ кор кунед, ба кӣ занг занед ва ба куҷо бидавед, дар гирди шумо хешовандону дӯстон ҷамъ мешаванд ва шумо аз он дилпур мебошед, ки ба мутахассисони ҳамзабоне, ки шуморо дақиқ мефаҳманд, муроҷиат карда метавонед. Вале, вақте, ки шумо саёҳат мекунед ё дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунед, ҳамаи инҳо метавонанд вуҷуд надошта бошанд. Аз хароҷотҳои молиявӣ то ба нақлиёти тиббии бехатар – дар ин ҷо ҷанбаҳои бисёре вуҷуд доранд, ки дар ин ҷода фикру андеша карда, онҳоро ба инобат гирифтан лозим, то ки шахсоне ба хориҷӣ сафардошта дарк кунанд, ки ба репатриатсияи эҳтимолии тиббӣ то ба вуҷуд омадани ҳодисаи фавқулодда омода шудан зарур аст. Чизҳои зеринро пешбинӣ бояд кард.

Фаҳмиши репатриатсияи тиббӣ

Репатриатсияи тиббии ҳавопаймоӣ барои он сайёҳону экспатҳо пешбинӣ карда шудааст, ки онҳоро ба кишвари истиқомати доимӣ ё ба ҷои дигаре, ки дар он ҷо нисбаташон нигоҳубини марбутаи тиббӣ дар назди дӯстону оила ташкил кардан мумкин, баргашта интиқол додан зарур.

Операторе, ки бо интиқоли ҳавопаймоии беморон машғул мешавад, аз лаҳзаи додани ҷавоб ба занги нахустин, сатҳи лозимии тахлия ва репатриатсияро бояд кафолат диҳад. Аз ин нуқтаи назар, ҷараёни боэътимоде вуҷуд дорад, ки бо тезӣ ва бо идоракунии дуруст аз маркази ҳамоҳангсозӣ гирифтани ёрии заруриро аз ҷониби бемор таъмин менамояд.

Читайте также  НИЦ «Институт имени Н.Е. Жуковского» сформировал перечень «больших вызовов» для отечественной авиации

Подоши суғуртавӣ зимни репатриатсия тиббӣ

Вақте, ки шумо бо тартиб додани полисҳои суғуртавии тиббӣ машғул мешавед, бисанҷед, ки суғурта репатриатсияи тиббӣ ва тахлияи тиббиро подош мекунад – ин амал кафолат медиҳад, ки дар сурати зарурият шумо кӯмаки марбута ва муолиҷаро гирифта метавонед. Ҳатман мустақилона бо шартҳои суғурта шинос шавед ва бисанҷед, ки кадом хизматрасониҳо ва ба кадом маблағ бо суғурта подош карда мешаванд. Шумо бояд аз он дилпур бошед, ки тахлияи тиббӣ, зимнан на танҳо дар ҳолати фавқулодда, балки дар сурати дар наздикӣ мавҷуд будани муассисаи тиббӣ, ки хизматрасониҳои он ба талаботи шумо мутобиқ нест, имконпазир аст.

Интихоби беҳтарин – ин тартиб додани суғуртаи тиббӣ аз оператори чартерие, ки репатриатсияи тиббии ҳавопаймоиро муддати 24 соат дар шабонарӯз, 7 рӯз дар ҳафта ва тамоми сол пешкаш мекунад. Дар ҳар ҳолат, шумо метавонед бастаи хизматрасониҳои суғуртавиро, тибқи эҳтиёҷи шахсӣ, ба даст оваред.

Таъмини дастрасии таърихи муолиҷавӣ

Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва таърихи беморӣ, махсусан дар вуҷуди зарурияти фаврӣ, мураккабу душвор шуда метавонад. Аз ин сабаб, бештар аст, ки навиштаҷоти муҳими муолиҷавӣ, рӯйхати мухтасари доруворӣ ва маълумоти тамоси духтури муолиҷакунанда дар эзоҳи почтаи электронӣ вуҷуд дошта бошад. Ғайр аз ин, ин амал барқарорсозӣ ва мубодилаи маълумотҳоро нисбатан осон мегардонад.

Аккредитатсияи операторе, ки доир ба репатсиатсияи тиббӣ хизматрасонӣ мерасонад

Санҷиши аккредитатсияи оператори чартерӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мақсаднокии истифодабарии хизматрасонии оператори мазкур муайян карданро имконият медиҳад. Вуҷуди ҳуҷҷатҳои марбута кафолат медиҳад, ки оператор ба стандартҳои муқаррарнамудаи мақомоти аккредитатсияшуда мутобиқ мебошад. Дар ин сурат аккредитатсия чун мӯҳри сифат эътибор дониста мешавад ва эътимоднокию устувории ширкатро шаҳодат медиҳад.

Читайте также  Исполнительный директор ВАСО Сергей Исаенко: «Нам бы хотелось, чтобы на Ил-96 было два двигателя ПД-35»

Хосияти интиқолдиҳӣ зимни репатриатсияи тиббӣ

Интиқолдиҳандаи ҳавопаймоӣ, ки доир ба репатсияи тиббӣ хизматрасонӣ мерасонад, вобаста ба эҳтиёҷи ҳар як бемори алоҳида шароитҳои оптималиро таъмин менамояд. Чандин омилҳои асосӣ вуҷуд доранд, ки онҳоро духтури садамавӣ бояд ба инобат гирад: мусофати парвоз, проседураҳо, ки таъмини фаъолияти ҳаётии мусофирро таъмин мекунанд, маҳдудиятҳои вақт ва ҳ.

 

Афзалияти авиатсияи тиббӣ – ин ба маркази наздиктарини тиббӣ бехатар интиқол додани бемор аст. Хадамоти рӯизаминии оператори чартерӣ, ки, масъалан, интиқоли ҳавопаймоии касалиҳои бистариро ташкил менамояд, пас аз шиносшавӣ бо таърихи беморӣ, омода кардани нақлиёти оптималӣ муносиббударо, ки бо техникаи зарурӣ таҷҳизотонида карда шудааст ва бо ҳайати тиббии таҷрибадори ҳамроҳикунанда таъмин гардидааст, оғоз мекунад.

Сервиси операторе, ки доир ба репатриатсияи тиббӣ хизматрасониҳоро пешкаш мекунад

Як қатор хадамотҳои бо ҳам вобастабудаи репатриатсияи тиббӣ мавҷуд мебошанд. Масъалан, баъзе операторон ҳайати тарҷумонеро, ки бо як чанд забонҳо сухан мекунанд ва ҳамкориро бо духтурон / беморхонаҳои тамоми ҷаҳон ҳамоҳанг месозанд, дар штатҳои худ нигоҳ медоранд, то ки дар бораи бемор маълумот гиранд ва чораҷӯии марбута намоянд. Дар ҷодаи репатсиатсияи бехатари тиббӣ ва интиқоли ҳавопаймоии беморон нақши муҳимро низ хешовандони бемор мебозанд, зеро, новобаста аз он, ки кормандони тибб набошад ҳам, вале бисёри вақт дар бораи ҳолати саломатии наздиконашон маълумоти хуб доранд. Бо онҳо сӯҳбат карда ва бо таърихи беморӣ шинос шуда, оператор дар бораи интиқол тавассути ҳавопаймо қарор мекунад. Дар вуҷуди зарурият, рейс бо духтурони ҳамроҳикунанда илова карда мешавад ва хадамоти рӯизаминии оператори чартерӣ дар бораи қабул кардани бемор бо клиникаи статсионарӣ маслиҳат мекунад.

 

Ҳамроҳикунии бемор ва бағоҷ

Ҳамчунин зимни иҷораи ҳавопаймои хусусӣ барои репатриатсияи тиббӣ донистан хуб аст, ки чанд аъзоёни оила беморро ҳамроҳӣ карда метавонанд ва масъалаи миқдори бағоҷ, ки барои даровардан ба канор иҷозат дода мешавад бояд муайян карда шавад.

Читайте также  Медицинская авиация, Новая Зеландия

Агар шумо нисбати репатриатсияи тиббӣ боз ягон шубҳа дошта бошед, бо намояндагони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) алоқа кунед. Ба ҳолати ногувор ҳар кас ва дар ҳар куҷо дучор шуда метавонад ва из ин лиҳоз бештар аст, ки имрӯз чораҷӯии марбутаро намоед, то ки ба рӯзи дигар омода бошед!

Шошина Олга

 

admin

Comments are closed.