Авиатсияи тиббӣ (санитарӣ) барои ҳалли муаммоҳои интиқоли беморон ё зарардидагон таъин гардидааст. Дар хизмати авиатсияи санитарӣ беҳтарин киштиҳои ҳавоӣ, ҳам ҳавопаймоҳо ва ҳам чархболҳо қарор доранд, ки омодаи расонидани кӯмаки таъҷилӣ ҳастанд.

 Брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) бомаҳорати хоса чунин намуди хизматрасониҳои таъҷилиро пешкаш менамояд. Дар пойгоҳи Cofrance SARL («Кофранс САРЛ») ҳавопаймоҳо, ки бо блоки гуногунвазифавии муолиҷаи интенсивӣ, дарҳо барои интиқоли бор, рампа барои интиқоли тахтакати бемор таҷҳизонида шудааст, мавҷуд ҳастанд.

Бо ҳавопаймоҳо ва чархболҳои Кофранс САРЛ хизматрасониҳои зерин амалӣ мегарданд: интиқоли ҳавоии бори 300, интиқоли ҳавоии бори 200, инчунин, интиқоли ҳавоии беморон бо маризии шиддатнок ба кунҷу канори мухталифи ҷаҳон. Дар ҳолати зарурӣ хешовандони бемор, ҳайати кормандони тиббии соҳаҳои гуногун ҳамроҳӣ менамоянд. Агар киштии ҳавоӣ барои зани ҳомиладор ба иҷора фармоиш шуда бошад, ба канори киштии ҳавоӣ барои ҳамроҳӣ акушерони ботаҷриба даъват карда мешаванд.

«Кофранс САРЛ» бо сарнишинони беҳтарини ҳавопаймоҳо ва роҳбаладҳои ҳавоии баландихтисос дар реҷаи 24/7 ҳамкорӣ доранд.

Натанҳо парвози мизоҷон то макони таъинот, балки (бо чархбол) эвакуатсияи таъҷилии беморон ва зарардидагон аз мавзеҳои дастнорас амалӣ карда мешавад. Интиқоли ҳавоии бори 200 аз ҳама гуна макони фармудаи мизоҷон амалӣ мегардад.

Брокер ба ғайр аз хизматрасониҳои интиқоли ҳавоӣ, ба мизоҷон кӯмаки ҳуқуқӣ ҳам мерасонад, аз ҷумла (таъҷилӣ гирифтани раводид барои статсионаркунонӣ дар беморхонаҳои хориҷӣ), инчунин, интиқоли бемор то канори ҳавопаймо тавассути реанимобил.

Барои чӣ AVIAV TM (Cofrance SARL)?

 Брокер «ККК» аъзои ассотсиатсияҳои ҳавопаймоии касбии NBAA (Ассотсиатсияи миллии авиатсияи касбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва EBAA (Ассотсиятсияи авиатсияи касбии Аврупо) мебошад. Мутахассисони ширкат дар тӯли фаъолияти хеш дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ соҳиби таҷрибаи бой ва эътимоди бонуфуз гаштаанд.

Ҳамаи кормандони ширкат соҳиби забони русӣ буда, мизоҷон дар муошират азият намекашанд.

Барои ҳамаи хизматрасониҳои брокер иҷозатнома мавҷуд аст.

Робита бо кормандони ширкат ба тариқи зайл анҷом дода мешавад: бо телефон, e-mail, sms, мессенҷер ё бо сабти фармоиш дар сайт.

Мо зуд ва бо касбияти баланд фаъолият намуда, қимати вақт ва ҳаёти инсонро қадр мекунем. Авиатсияи тиббӣ аз AVIAV TM (Cofrance SARL): сифат, касбият ва таваҷҷӯҳи таъҷилӣ.